Дар МД «Маркази саломатии шаҳрии №15» чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид
19 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №15 чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №15, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, номзади илмҳои тиб муҳтарам Ғайратзода Тоҳир Ғайрат бо сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуда, аз аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ дар рушди давлату ҷомеа ёдовар гардид.
Сипас, собиқ Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ муҳтарама Калонова Майсара Юлдашевна бо сухани табрикотӣ баромад намуда, нақши Ваҳдати миллиро дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, оид ба дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот андешаҳои худро баён намуд.
Ҳамчунин, Директори Пажуҳишгоҳи идораи давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин суханронӣ намуда, аз арзиши бузурги Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии рушди устувор ва таҳкими давлатдорӣ ёдовар гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён бори дигар аҳамияти сулҳу ваҳдатро дар пешрафти ҷомеа таъкид намуда, ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун рамзи ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон таҷлил намуданд.
Ба ахбор баргашт