Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Ахбори марказ

Тренинг ва оғози ба қайдгирии электронии кормандон ва аҳолӣ

11.07.2026 00:00 64 дидан
Тренинг ва оғози ба қайдгирии электронии кормандон ва аҳолӣ

Дар Марказ бо иштироки намояндагони Муассисаи давлатии «Шаҳри Ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тренинги омӯзишӣ оид ба истифодаи низоми иттилоотии eTib таҳти мавзӯи «Рақамикунонии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Зимни тренинг ба қайдгирии электронии кормандони муассиса ва аҳолӣ оғоз гардида, иштирокчиён бо тартиби истифодаи низоми eTib, ворид намудани маълумоти тиббӣ ва имкониятҳои он дар беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷорӣ намудани низоми ягонаи рақамии тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандони соҳа, инчунин таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ барои аҳолӣ мебошад.

Ин гуна чорабиниҳо дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои тиббӣ аҳамияти муҳим доранд.


Ба ахбор баргашт