Боргузорӣ...
Боргузорӣ...
МД Маркази саломатии шаҳрии №15 Меню

+992 37 234 40 74
Дш–Ҷм: 8:00–17:00
Ахбори марказ

Таҳкими арзишҳои миллӣ, оилаи солим ва ободии Ватан

24.07.2026 00:00 38 дидан
Таҳкими арзишҳои миллӣ, оилаи солим ва ободии Ватан

24-уми июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази саломатии №15»-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир ба масъалаҳои пешгирии фарҳанги бегона, таҳкими арзишҳои миллӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии пошхурии оилаҳо вохӯрӣ доир гашт.

Дар чорабинӣ директори МД «Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Зайнаб Анварӣ, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Қаюмзода Дилноза ва муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шаҳбози Неъматулло иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими оилаи солим, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан суханронӣ намуданд.

Зимни вохурӣ доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони 35-соли Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ, оромиву осоиштагии Ватани азизамон ва дигар масъалаҳои муҳим аз ҷониби масъулини Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба ҳозирин маълумот дода шуд.

Дар ҳамин замина, вобаста ба пешгирии амалҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили пешгирии терроризм ва экстремизм, пешгирии фарҳанги бегона, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа низ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардида, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самт фаъол бошанд.


Ба ахбор баргашт